Нашояд гуфтан он касро диле ҳаст

42

Нашояд гуфтан он касро диле ҳаст,
Ки надҳад бар чунин сурат дил аз даст.

На манзуре, ки бо ӯ метавон гуфт,
На хасме, к-аз камандаш метавон ҷаст.

Ба дил гуфтам: Зи чашмонаш бипарҳез,
Ки ҳушёрон наёвезанд бо маст.

Сарангуштони махзубаш1 набинӣ,
Ки дасти сабр барпечиду бишкаст?

На озод аз сараш барметавон хост,
На бо ӯ метавон осуда биншаст.

Агар дуде равад, бе оташе нест,
В-ар хуне биёяд, куштае ҳаст.

Хаёлаш дар назар, чун оядам хоб?
Нашояд дар ба рӯи дӯстон баст.

Нашояд хирмани бечорагон сӯхт,
Намебояд дили дармондагон хаст2.

Ба охир дӯстӣ натвон буридан,
Ба аввал худ намебоист пайваст.

Дилат аз даст берун рафта, Саъдӣ,
Наёяд боз тири рафта аз шаст.


1 Рангкарда, хизобкарда.
2 Захм задан, маҷрӯҳ кардан.