Омад, омад дар миён хуби Хутан

736

Омад, омад дар миён хуби Хутан,
Ҳар ду дастатро бишӯ аз ҷону тан!

Дод шамшере ба дасти ишқу гуфт:
«Ҳар-чи бинӣ ғайри ман, гардан бизан!»

Андар об андоз, илло Нӯҳро,
Ҳар ки бошад, хубу зишту марду зан!

Ҳар ки ӯ андар дили Нӯҳ аст, раст,
Ҳар ки дар пеш аст, дар дарё фикан!