Ҷони ман ҷони ту, ҷонат ҷони ман

735

Ҷони ман ҷони ту, ҷонат ҷони ман,
Ҳеч дидастӣ ду ҷон дар як бадан?!

Ай тан, ар бе ӯ ба сад ҷон зиндайӣ,
Ҷон талаб кун, ҷону лофи тан мазан!

Дил аз ин ҷон баркану бар вай биниҳ,
З-он к-аз ин ҷонӣ наёяд, ҷон макан!

Аз қуларрӯҳ амри Раббӣ фаҳм шуд,
Шарҳи ҷон, ай ҷон, наёяд дар даҳан!