Он сурхқабое, ки чу маҳ пор баромад

236

Он сурхқабое, ки чу маҳ пор баромад,
Имсол дар ин хирқаи зангор баромад!

Он турк, ки он сол ба яғмо-ш бидидӣ,
Он аст, ки имсол арабвор баромад!

Он ёр ҳамон аст, агар ҷома дигар шуд,
Он ҷома бадал карду дигар бор баромад!

Он бода ҳамон аст, агар шиша бадал шуд,
Бингар, ки чи хуш бар сари хаммор баромад!

Шаб рафт, ҳарифони сабуҳӣ ба куҷоед?!
К-ин машъала аз равзани асрор баромад!

Румӣ пинҳон гашт, чу даврони Ҳабаш дид,
Имрӯз дар ин лашкари ҷаррор баромад!

Шамсулҳақи Табрез расидаст, бигӯед,
К-аз чархи сафо он маҳи анвор баромад!