Чун бар рухи мо акси ҷамоли ту барояд

237

Чун бар рухи мо акси ҷамоли ту барояд,
Бар чиҳраи мо хок чу гулгуна намояд!

Хоҳам, ки зи зуннор дусад хирқа намоям,
Тарсобача гӯяд, ки напӯшон, ки нашояд!

Ашкам чу дуҳул гаштаву дил ҳомили асрор,
Чун нуҳмаҳа гаштаст, надонӣ, ки бизояд!

Шоҳест дил андар тани монандаи гове,
В-ин гов бибинад шаҳ, агар жож нахояд!

В-он дона, ки афтод дар ин ҳовани ушшоқ,
Ҳар сӯй ҷаҳад, лек баночор бисояд!

Аз хонаи ишқ он, ки бипаррад чу кабӯтар,
Ҳар ҷо, ки равад, оқибати кор биёяд!

Ойина, ки Шамсулҳақи Табрез бисозад,
Зангор куҷо гираду сайқал ба чӣ бояд?!