Охир, нигоҳе боз кун, вақте ки бар мо бигзарӣ

542

Охир, нигоҳе боз кун, вақте ки бар мо бигзарӣ,
Ё кибр манъат мекунад, к-аз дӯстон ёд оварӣ?

Ҳаргиз набуд андар Хутан бар сурате чандин фитан1,
Ҳаргиз набошад дар чаман сарве бад-ин хушманзарӣ.

Суратгари дебои Чин, гӯ, сурати рӯяш бибин,
Ё сурате баркаш чунин, ё тавба кун суратгарӣ.

З-абрӯи зангоринкамон гар парда бардорӣ аён,
То қавс бошад дар ҷаҳон, дигар набинад муштарӣ.

То нақш мебандад фалак, касро набудаст ин намак,
Моҳӣ, надонам, ё малак, фарзанди одам ё парӣ.

То дил ба меҳрат додаам, дар баҳри фикр афтодаам,
Чун дар намоз истодаам, гӯӣ, ба меҳробам-дарӣ.

Дигар намедонам тариқ, аз даст рафтам чун ғариқ,
Онак, даҳонат чун ақиқ, азбаски хунам мех(в)арӣ.

Гар рафта бошам з-ин ҷаҳон, боз оядам рафта равон,
Гар ҳамчунин доманкашон болои хокам бигзарӣ.

Аз наълаш оташ меҷаҳад, наълам дар оташ мениҳад,
Гар дигаре ҷон медиҳад, Саъдӣ, ту ҷон мепарварӣ.

Ҳар кас ки даъвӣ мекунад, к-ӯ бо ту унсӣ мекунад,
Дар аҳди Мӯсӣ мекунад овози гови Сомирӣ.


1 Ҷамъи «фитна».