Ошиқи дилбари маро шарму ҳаё чаро бувад?!

200

Ошиқи дилбари маро шарму ҳаё чаро бувад?!
Чунки ҷамол ин бувад, расму вафо чаро бувад?!

Ин ҳама лутфу саркашӣ қисмати халқ чун шавад?!
Ин ҳама ҳусну дилбарӣ бар бути мо чаро бувад?!

Дарди фироқ мекашам, нола ба ной чун расад,
Оташи ишқ ман барам, чанг дуто чаро бувад?!

Лаззати бекаронаест, ишқ шудаст номи ӯ,
Қоида худ шикоятест, варна ҷафо чаро бувад?!

Аз сари нозу ғанҷи худ рӯй чунон туруш кунад,
Он турушии рӯйи ӯ рӯҳфазо чаро бувад?!

Он турушии рӯйи ӯ абрсифат ҳамекунад,
Варна ҳаёту хуррамӣ боғу гиё чаро бувад?!