Хаёли турки ман ҳар шаб сифоти зоти ман гардад

201

Хаёли турки ман ҳар шаб сифоти зоти ман гардад,
Ки нафйи зоти ман дар вай ҳама исботи ман гардад!

Зи ҳарфи айни чашми ӯ, зи тарфи ҷими гӯши ӯ
Шаҳи шатранҷи ҳафт ахтар ба ҳарфе моти ман гардад!

Агар з-он себбун себе шикофам, ҳурие зояд,
Ки оламро фурӯ гирад разу ҷанноти ман гардад!

Ва гар мусҳаф ба каф гирам, зи ҳайрат афтад аз дастам,
Рухаш саръушри ман хонад, дилаш оёти ман гардад!

Ҷаҳон Тур асту ман Мӯсо, ки ман беҳушу ӯ рақсон,
Валекин ин касе донад, ки бар мӣқоти1 ман гардад!

Баромад офтоби ҷон, ки хезед, ай гаронҷонон,
Ки гар бар кӯҳ бартобам, камин зарроти ман гардад!

Хамуш чандон бинолидам, ки то сад қарн ин олам,
Дар ин ҳайҳои ман печад, бар ин ҳайҳоти ман гардад!


1 Вақту ҷойи ваъда.