Пероҳани Юсуф

Нигорино1, шунидастам, ки гоҳи меҳнату2 роҳат
Се пироҳан салаб3 будаст Юсуфро4 ба умр-андар:

Яке аз кайд5 шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат6,
Севум, Яъқубро7 аз бӯш равшан гашт чашми тар8.

Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ,
Насиби ман шавад дар васл он пироҳани дигар?

ВАЗН: ҳазаҷи мусаммани солим (мафоӣлун мафоӣлун мафоӣлун мафоӣлун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: андар, чашми тар, дигар.

РАДИФ: надорад.

Луғат:

1. Нигорино: эй нигор, эй зеборӯй.

2. Меҳнат: мусибат, бало, бадбахтӣ.

3. Салаб: либос, ҷома.

4. Юсуф: фарзанди Яъқуби пайғомбар, дар хурдсолӣ чун падараш ӯро бисёр дӯст медошт, бародаронаш ҳасад бурданду ба чоҳ афканданд. Корвониён ӯро аз чоҳ бароварда ба Миср бурда фурӯхтанд. Юсуф ғуломи Азизи Миср шуд ва баъд аз ранҷу заҳмати зиёд бо туҳмати Зулайхо зани Азизи Миср — ба зиндон афтод. Хоби подшоҳи Мисрро таъбир карду туҳматро аз худ пок кард ва ба ҷойи Азизи Миср фармонраво шуд. Юсуф дар адабиёти мо рамзи зебоӣ ва покдоманӣ аст.

5. Кайд: макр, ҳила, фиреб.

6. Туҳмат: ишора ба туҳмати Зулайхо баЮсуф.

7. Яъқуб: пайғомбари банӣ Исроил, ки дар интизори Юсуф нури ду чашмашро аз даст дода буд.

8. Чашми тар: ишора ба чашмони нобинои Яқуб.

Маънии қитъа: Эй нозанини ман, шунидам, ки Юсуфро дар зиндагӣ, ҳангоми азобу ранҷ ва шодию хурсандӣ се ҷома будааст. Ҷомаи аввалаш бо ҳилаи бародаронаш ба хун олуда шуд, ҷомаи дувумаш бо туҳмати Зулайхо дарид ва бо бӯйи ҷомаи севумаш чашми нобинои падараш Яъқуб бино гардид. Рӯйи сурхи ман ба ҷомаи аввали Юсуф монанд асту дилам ба ҷомаи дувумаш ва оё дар васли ту, эй нигори зебо, ҷомаи сеюми ӯ насиби ман мешуда бошад?