Пеши чунин ҷамоли ҷонбахш чун намирам?!

617

Пеши чунин ҷамоли ҷонбахш чун намирам?!
Девона чун нагардам, занҷир чун нагирам?!

Чун бодаи ту х(в)ардам, ман маҳв чун нагардам?!
Ту чун майӣ, ман обам, ту шаҳду ман чу ширам!

Бикшо даҳони х(в)адро, он қанди беададро,
Узр ар намепазирӣ, ман ишва мепазирам!

Донӣ, ки аз чӣ хандам?! Аз ҳиммати баландам!
Зеро ба шаҳри ишқат бар ошиқон амирам!

Бо ъишқи лоязолӣ аз як шикам бизодам,
Нав ишқ менамоям, валлаҳ, ки сахт пирам!

Он чашм агар кушойӣ, ҷуз хешро нашойӣ,
В-ар ин назар кушойӣ, донӣ, ки беназирам!

Андар танӯри сардон оташ занам чу мардон,
В-андар танӯри гармон ман пухтатар хамирам!

Дар лутф ҳамчу ширам, андар гулӯ нагирам,
То дар ғалат наяфтӣ, гар шӯр чун панирам!

Дар ишқи Шамси Табрез султони тоҷдорам,
Чун ӯ ба тахт ояд, ман пеши ӯ вазирам!