Хоҳам, ки кафки хунин аз деги ҷон барорам

616

Хоҳам, ки кафки хунин аз деги ҷон барорам,
Гуфтори ду ҷаҳонро аз як даҳон барорам!

Аз худ баромадам ман, дар ишқ азм кардам,
То ҳамчу худ ҷаҳонро ман аз ҷаҳон барорамҷ

Зуннори нафси бадро ман чун гулӯ-ш бастам,
Аз гуфт вораҳам ман, чун як фиғон барорам!

Валлаҳ, кашонам ӯро чандон ба гирди гардун,
К-аз ҷони дудрангаш оташ аён барорам!

Ай бас арӯси ҷонро рӯбанди тан рабоям,
В-аз ишқ саркашонро аз хонумон барорам!

Ин ҷумла ҷонҳоро дар ишқ чанг созам
В-аз чанги безабон ман сесад забон барорам!

Пур кард Шамси Табрез дар ишқ як камоне,
К-аз ишқ зиҳ барояд, чун он камон барорам!