Сад бор мурдам, ай ҷон, в-инро биёзмудам

615

Сад бор мурдам, ай ҷон, в-инро биёзмудам,
Чун бӯйи ту биёмад, дидам, ки зинда будам!

Сад бор ҷон бидодам в-аз пой дарфитодам,
Бори дигар бизодам, чун бонги ту шунидам!

То рӯйи ту бидидам, аз хеш нопадидам,
Ай сохта чу идам в-ай сӯхта чу удам!

Домест дар замирам, то бози ишқ гирам,
Он боз бозгуна чун мурғ даррабудам!

Ай шуълаҳои гардон дар синаҳои мардон,
Гардон ба гирди моҳат чун гунбади кабудам!

Он соъати хуҷаста, ту аҳдҳо бибаста,
Ман тавбаҳо шикаста, будам, чунон ки будам!

Ақлам бибурд аз раҳ, к-аз ман расӣ ту дар шаҳ,
Чун сӯйи ақл рафтам, ақлам надошт судам!