Рафтам зи дасти худ ман, дар бехудӣ фитодам

614

Рафтам зи дасти худ ман, дар бехудӣ фитодам,
Дар бехудии мутлақ бо худ чи нек шодам!

Чашмам бидӯхт дилбар, то ғайри ӯ набинам,
То чашмҳо баногаҳ дар рӯйи ӯ кушодам!

Бо ман ба ҷанг шуд ҷон, гуфто: «Маро маранҷон!»,
Гуфтам: «Талоқ бистон!». Гуфто: «Бидиҳ!» «Бидодам!».

Модар чу доғи ишқат медид дар рухи ман,
Нофам бар он бурид ӯ, он дам, ки ман бизодам!

Гар бар фалак равонам в-ар лавҳи ғайб донам,
Ай ту салоҳи ҷонам, бе ту чи дар фасодам!

Ай парда барфиканда, то мурда гашта зинда,
В-аз нури рӯят омад аҳди аласт ёдам!

Аз ишқи шоҳи парён чун ёва гаштам, ай ҷон,
Аз хешу халқ пинҳон, гӯйӣ паринажодам!

Табрези Шамси динро гуфтам: «Тано, ки бошӣ?»,
Тан гуфт: «Хок!»-у ҷон гуфт: «Саргашта ҳамчу бодам!».