Расид он шаҳ, расид он шаҳ, биёроед айвонро

15

Расид он шаҳ, расид он шаҳ, биёроед айвонро,
Фурӯ бурред соъидҳо барои хуби Канъонро!

Чу омад ҷони ҷони ҷон, нашояд бурд номи ҷон,
Ба пешаш ҷон чӣ кор ояд, магар аз баҳри қурбонро!

Будам бе ишқ гумроҳе, даромад ишқ ногоҳе,
Будам кӯҳе, шудам коҳе барои асби султонро!

Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст,
Чу ҷон бо тан, валекин тан набошад ҳеч мар ҷонро.

Ҳало, ёрон, ки бахт омад, гаҳи ӣсори рахт омад,
Сулаймоне ба тахт омад барои азли шайтонро!

Биҷаҳ аз ҷо, чӣ меёбӣ, чаро бедасту бе пойӣ?
Намедонӣ, зи ҳудҳуд ҷӯ раҳи Қасри Сулаймонро?!

Бикун он ҷо муноҷотат, бигӯ асрору ҳоҷотат,
Сулаймон худ ҳамедонад забони ҷумла мурғонро!

Сухан бод аст, ай банда, кунад дилро пароканда,
Валекин ӯ-ш фамояд, ки гирд овар парешонро!