Рафтам он ҷо масту гуфтам: «‎Ай нигор…»

389

Рафтам он ҷо масту гуфтам: «‎Ай нигор,
Чун маро девона кардӣ, гӯш дор!».

Гуфт: «‎Бингар, гӯши ман дар ҳалқаест,
Бастаи он ҳалқа шав чун гӯшвор!».

Зуд бурдам даст сӯйи ҳалқаҳо-ш,
Даст бар ман зад, ки даст аз ман бидор!

Андар ин ҳалқа ту он гаҳ раҳ барӣ,
К-аз сафо дурре шавӣ ту шоҳвор!

Ҳалқаи заррини ман в-он гаҳ шабаҳ1!
Кай равад бар чарх Исо бо ҳимор2?!


1 Мӯҳраи сиёҳ.
2 Маркаб, саворӣ