Розро андар миён ниҳ, во магир

390

Розро андар миён ниҳ, во магир,
Бандаро ҳар лаҳза аз боло магир!

Ту накӯ донӣ, ки ҳар чиз аз куҷост,
Гар хатоҳо рафт, он аз мо магир!

Рустойӣ гар бувам, они туам,
Рустойӣ, хешро русто магир!

Чун маро дар ишқ усто кардайӣ,
Худ маро шогирд гир, усто магир!

Ту маро аз завқ мегирӣ гулӯ,
То бинолам, гӯямат: «Он ҷо магир!»

Сӯйи баҳрам каш, ки хошоки туам,
Ту маро худ лойиқи дарё магир!

Аз аласт омад Салоҳуддин тамом,
Ту варо з-имрӯзу аз фардо магир!