Соқиё, бодаи чун нор биёр

391

Соқиё, бодаи чун нор биёр,
Дафъи ғамро ту зи асрор биёр!

Бодаеро, ки зи дил меҷӯшад,
Зуд, ай соқии дилдор, биёр!

Кофари ишқ, биё, бода бибин,
Нест шав дар майу иқрор биёр!

Соқиё, дасти ҳама мастон гир,
Ҳамчунон ҷониби гулзор биёр!

Пеши ин шоҳиди мо хубонро
Гардани баста зи Булғор биёр!

Мӯъминонро ҳама урён кардӣ,
Гараве низ зи куффор биёр!

с