Рафт умрам дар сари савдойи дил

473

Рафт умрам дар сари савдойи дил
В-аз ғами дил нестам парвойи дил!

Дил ба қасди ҷони ман бархоста,
Ман нишаста, то чӣ бошад ройи дил!

Дил зи ҳалқай дин гурезад, з-онки ҳаст
Ҳалқаи зулфайни хубон ҷойи дил!

Гирди ӯ гардам, ки дилро гард кард,
К-ӯ расад фарёдам аз ғавғойи дил!

Хоби шаб бар чашми худ кардам ҳаром,
То бибинам субҳдам симойи дил!

Қадди ман ҳамчун камон шуд аз рукӯъ,
То бибинам қомату болойи дил!

Он ҷаҳон як тобиш аз хуршеди дил
В-ин ҷаҳон як қатра аз дарёйи дил!

Лаб бибанд, эро ба гардун мерасад
Бе забон ҳайҳойи дил, ҳайҳойи дил!