То назанад офтоб хаймаи нури ҷалол

474

То назанад офтоб хаймаи нури ҷалол,
Ҳалқаи мурғони рӯз кай бизанад парру бол?!

Аз назари офтоб гашт замин лолазор,
Хона нишастан кунун ҳаст вуболу вубол!

Теғ кашид офтоб, хуни шафақро бирехт,
Хуни ҳазорон шафақ талъати ӯро ҳалол!

Чашм кушо, ошиқо, бар фалаки ҷон, бибин,
Сурати ӯ чун қамар, қомати ман чун ҳилол!

Арза кунад ҳар даме соғари ҷоми бақо,
Шиша шудам ман зи лутф, соғари ӯ мол-мол!

Чашм пур аз хоб буд, гуфтам: «Шоҳо, шаб аст!»,
Гуфт, ки бо рӯйи ман шаб бувад инак муҳол!

То ки кабуд аст субҳ, рӯз бувад дар гумон,
Чунки бишуд ним рӯз, нест дигар қилу қол!

Тез назар кун ту низ дар рухи хуршеди ҷон,
В-аз назари ман нигар, то ту бибинӣ ҷамол!

Дар ламаъи қурси ӯ сурати шаҳ Шамси дин,
Зинати Табрез, к-ӯст саъди муборак ба фол!