Ростӣ гӯям, ба сарве монад ин болои ту

483

Ростӣ гӯям, ба сарве монад ин болои ту,
Дар иборат менаёяд чеҳраи зебои ту.

Чун ту ҳозир мешавӣ, ман ғоиб аз худ мешавам,
Баски ҳайрон мебимонам ваҳм дар симои ту.

Кошкӣ сад чашм аз ин бехобтар будӣ маро,
То назар мекардаме дар манзари зебои ту.

Эй ки дар дил ҷой дорӣ, бар сари чашмам нишин,
К-андар он байғула1, тарсам, танг бошад ҷои ту.

Гар маломат мекунандам, в-ар қиёмат мешавад,
Банда сар хоҳад ниҳод, он гаҳ зи сар савдои ту.

Дар азал рафтаст моро бо ту пайванде, ки ҳаст,
Ифтиқори мо на имрӯз асту истиғнои ту.

Гар бихонӣ, подшоҳӣ, в-ар биронӣ, бандаем,
Рои мо суде надорад, то набошад рои ту.

Мо қалам дар сар кашидем ихтиёри хешро,
Нафси мо қурбони тусту рахти мо яғмои ту.

Мо саропои туро, эй сарвтан, чун ҷони хеш
Дӯст медорему гар сар меравад дар пои ту.

В-ин қабои санъати Саъдӣ, ки дар вай ҳашв2 нест,
Ҳадди зебоӣ надорад, хоса бар болои ту.


1 Гӯшае дар хона, гӯшае дур аз ободӣ.
2 Ҳар чизи зоид ва изофа.