РУБОӢ: «Бар ишқи туям на сабр пайдост, на дил»

Бар ишқи туям на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯйи туям на ақл бар ҷост, на дил!
Ин ғам, ки марост кӯҳи Қоф1 аст, на ғам
В-ин дил ки турост, санги хорост2, на дил!

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: пайдо, барҷо, хоро.

РАДИФ: аст, на дил.

Луғат:

1. Кӯҳи Қоф: номи кӯҳи баланди афсонавист, ки гӯё даври оламро гирифтааст.

2. Санги хоро: санги сахт.

Маънии рубоӣ: Эй дилбари нозанин, дар ишқи ту дилро гум кардаму сабрро аз даст додам ва аз нодидани рӯйи ту аз ақл бегона шудам. Ғами ман аз кӯҳи Қоф ҳам вазнинтар асту дили ту аз санги хоро сахттар.