РУБОӢ: «Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!»

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта1 нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро2 пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: амирӣ, нагирӣ, бигирӣ.

РАДИФ: мардӣ.

Луғат:

1. Нукта: сухани покиза, гапи латиф аст, аммо нуктагирӣ ба маънии айбҷӯйӣ, хурдагирӣ кардан аст.

2. Фитода: афтода, оҷиз, нотавон, дармонда.

Маънии рубоӣ: Агар нафс ва ҳавову ҳавасҳои нафсонии худро зери итоат нигоҳ дорию ба майли он наравӣ, марди комил ҳастӣ, ба одамони оҷиз айбҷӯйӣ накунӣ, мардӣ. Мардӣ он нест, ки одамони нотавон ва афтодаро шикаст диҳӣ, агар дасти одами фитода, нотавону оҷизро бигирӣ, ба онҳо ёрӣ расонӣ, мард ҳастӣ.