РУБОӢ: «Эй аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ»

Эй аз гули сурх ранг бирбудаву1 бӯ,
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ!
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ,
Мушкин2 гардад, чу мӯ фишонӣ ҳама кӯ!

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: бӯ, мӯ, ҷӯ, кӯ.

РАДИФ: надорад.

Луғат:

1. Бирбуда: рабуда, гирифта.

2. Мушкин: дорои бӯйи мушк, хушбӯй.

Маънии рубоӣ: Эй ёри нозанин, ки аз гули сурх барои рӯйи зебоят ранг гирифтаию барои мӯят бӯй, ҳангоме ки дар ҷӯй рӯ мешӯйӣ, ҳама оби ҷӯй ранги гули сурх ба худ мегирад ва замоне, ки мӯйи туро насим меафшонад, ҳама кӯю барзан аз бӯйи мушкини он хушбӯй мегардад.