Рухи худ ба хун нигорам, ки нигори ман наёмад

Рухи худ ба хун нигорам, ки нигори ман наёмад,
Ғами ӯ бикушт зорам, ба мазори ман наёмад.

Ба канори ҷӯ надидам чу қадаш ба боғ сарве,
Ки зи оби дида ҷӯйе ба канори ман наёмад.

Хати сабз омад аз гил, ки зи пай расидам, инак,
Чӣ кунам, чу ин башорат зи баҳори ман наёмад.

Ба кадом коса сархуш зиям аз шароби роҳат?
Ба сарам чу захми сумме зи савори ман наёмад?

Ба раҳаш чу хок гаштам, чӣ бавақт буд гиря,
Ки ба пушти по-ш боре зи ғубори ман наёмад.

Чӣ диҳам ба ӯ дилеро, ки хароб аз ӯст корам?
Ба чӣ кор ояд ӯро, чу ба кори ман наёмад.

Зари чеҳра сохт Ҷомӣ зи ду дида сурх, яъне
Ки зи кони ишқ нақде ба иёри ман наёмад.