Рӯҳест бенишону мо ғарқа дар нишонаш

444

Рӯҳест бенишону мо ғарқа дар нишонаш,
Рӯҳест бемакону сар то қадам маконаш!

Хоҳӣ, ки то биёбӣ, як лаҳзае маҷӯяш,
Хоҳӣ, ки то бидонӣ, як лаҳзае мадонаш!

Чун дар ниҳон-ш ҷӯйӣ, дурӣ зи ошкораш,
Чун ошкор ҷӯйӣ, маҳҷубӣ аз ниҳонаш!

Чун з-ошкору пинҳон берун шудӣ ба бурҳон,
Поҳо дароз кун хуш, мехусб дар амонаш!

Чун ту зи раҳ бимонӣ, ҷонат равона гардад,
В-он гаҳ чи раҳмат ояд аз ҷону аз равонаш?!

Ай ҳабс карда ҷонро, то кай кашӣ инонро?!
Дартоз дар ҷаҳонаш, аммо надарҷаҳонаш!

Бе ҳирс кӯб пойе аз кӯрии ҳасадро,
Зеро ҳасад нагӯяд аз ҳирс тарҷумонаш!

Охир, зи баҳри ду нон то кай давӣ чу дунон?!
В-охир зи баҳри се нон то кай хурӣ синонаш?!