Сад сол агар гурезиву н-ойӣ, буто, ба пеш

445

Сад сол агар гурезиву н-ойӣ, буто, ба пеш,
Барҳам занем кори туро ҳамчу кори хеш!

Магрез, ки зи чанбари чархат гузаштанист,
Гар шери шарза бошиву гар сифла говмеш!

Тан дунбалест бар китфи ҷон баромада,
Чун пур шавад, тиҳӣ шавад охир зи захми неш!

Ай шод ботиле, ки гурезад зи ботиле,
Бар ишқи Ҳақ бичафсад бе самғу бе ширеш!

Газ мекунанд ҷомаи умрат ба рӯзу шаб,
Ҳам охир орад ӯро ё рӯз, ё шабеш!

Бечора одаме, ки забун аст ишқро,
Зафт омад ин сувор бар ин асби пуштреш!

Хомӯш бошу дар хамушӣ гум шав аз вуҷуд,
К-он ишқрост куштани ушшоқ дину кеш!