Сад мисри мамлакат зи таъаддӣ хароб шуд

315

Сад мисри мамлакат зи таъаддӣ1 хароб шуд,
Сад баҳри салтанат зи татовул2 сароб шуд.

Сад бурҷи ҳирсу бухл ба хандақ даруфтод,
Сад бахти нимхоб бакуллӣ ба хоб шуд.

Он шоҳроҳи ғайб бар он қавм баста буд
В-он моҳи занги зулм ба зери ҳиҷоб шуд.

В-он чашм, к-ӯ чу барқ ҳамесӯхт халқро,
Дар навҳа уфтоду ба гиря саҳоб шуд!

В-он дил, ки сад ҳазор дил аз вай кабоб буд,
Дар оташи Худой кунун ӯ кабоб шуд!

Ай шод он касе, ки аз ин ибрате гирифт,
Ӯро аз ин сиёсати шаҳ фатҳи боб шуд!

Чун рӯз гашту дид, ки ӯ шаб чи карда буд,
Судаш надошт, сахраи сад изтироб шуд!

Чун бахти рӯсапед шаб андар дуъо гузор,
Зеро дуъои Нӯҳ ба шаб мустаҷоб шуд!


1 Зулму ситам.
2 Ҷабру зӯроварӣ.