Имсол булбулон чӣ хабарҳо ҳамедиҳанд?!

314

Имсол булбулон чӣ хабарҳо ҳамедиҳанд?!
Ё Раб, ба тӯтиён чи шакарҳо ҳамедиҳанд?!

Дар боғҳо дарой ту имсолу дарнигар,
К-он шохҳои хушк чи барҳо ҳамедиҳанд!

Миқроз1 дар миён наву хилъат ҳамебуранд,
В-онро, ки тоҷ рафт, камарҳо ҳамедиҳанд!

Бе миннати касе ҳама бар нуқра мезананд,
Бе заҳмати мусодира зарҳо ҳамедиҳанд!

Ҳар дил, ки ташна аст, ба дарё ҳамебаранд,
В-онро, ки гавҳар аст, гуҳарҳо ҳамедиҳанд!

Ин туҳфа дидаанд, ки ушшоқи рӯзгор
То бар шумори мӯйи ту сарҳо ҳамедиҳанд?!

Ин нур дидаанд, ки девонагони роҳ
Савдо ҳамехаранду ҳунарҳо ҳамедиҳанд?!


1 Қайчӣ, гоз.