Хуфта намуд дилбар, гуфтам: «Зи боғ зуд…»

313

Хуфта намуд дилбар, гуфтам: «Зи боғ зуд
Шафтолуе бидуздам», ӯ худ нахуфта буд!

Хандиду гуфт: «Рӯбаҳ, охир, ба зиракӣ
Аз дасти шер сайд куҷо саҳл даррабуд?!».

Мар абрро кӣ дӯшаду он ҷо кӣ даррасад,
Илло магар, ки абр намояд ба хеш ҷуд!

Маъдумро1 куҷост ба эҷод дасту по,
Фазли Худой бахшад маъдумро вуҷуд!

Маъдумвор биншин, зеро ки дар намоз
Доди салом набвад, илло, ки дар қуъуд!

Бар оташ об чира бувад аз фурӯтанӣ,
К-оташ қиём дораду об аст дар суҷуд!

Чун лаб хамӯш бошад, дил садзабон шавад,
Хомӯш, чанд бихоҳияш ту озмуд?


1 Адамёфта, нобудшуда.