Салом бар ту, ки сӣни салом бар ту расид

337

Салом бар ту, ки сӣни салом бар ту расид,
Салом гирди ҷаҳон гашт, ҷуз ту напсандид!

Ба гирди боми ту гардон кабӯтарони салом,
Ки бе паноҳи ту касро нашояд оромид!

Чу парру бол зи ту ёфтаст ҳар мурғе,
Зи ғайри ту ба куҷо бошадаш умеди мазид?!

Ба ҳар тараф, ки бибинӣ ту мурғи сӯхтапар,
Бидон, ки аз тамаъи хом сӯйи дом парид!

Ту оби Кавсариву сӯхта ба ту ояд,
Бирӯядаш сипаси сӯз парру боли ҷадид!