Сапедадам бидамиду сапеда месояд

336

Сапедадам бидамиду сапеда месояд,
Ки Вайси рӯз рухи хешро биёрояд.

Ғуломи рӯзи дилам, к-ӯ ба ҷой сад сол аст,
Сапеда чиҳраи дилро ба кор менояд.

Сапедии рухи ин дил сапедҳо бахшад,
Ки тоси чарх ҳавошишро напаймояд.

Сапедаро чу фурӯ шуст шаб ба оби сиёҳ,
Рухи аҷузаи дунё, бибин, чиро шояд?!

Бидиҳ аҷузаи зарроқро ҳазор талоқ,
Дами аҷуза ҷавонитро бифарсояд!

Бирон ту дев зи худ, пеш аз он, ки дев шавӣ,
Вагарна ман Хамушам, анқариб бинмояд!