Соғар маҳи нав бошад, холӣ шуда, мапсанд он

Соғар маҳи нав бошад, холӣ шуда, мапсанд он,
Ногашта маҳи нав пур, нуре надиҳад пинҳон.

Нашкуфт дилам, то ту бар ман надамидӣ дам,
Бе боди баҳор, оре, ғунча нашавад хандон.

Ишқи ту халосам кард аз банди хирадмандӣ,
Ёди ту фароғам дод аз панди хирадмандон.

З-он абруи пурчинам чандон турушӣ додӣ,
К-аз себи занахдонат шуд қанд маро дандон.

Рӯзе, ки шавад зиндон дур аз ту ҷаҳон бар ман,
Аз ёди рухат бар худ гулшан кунам он зиндон.

Дар тавфи дарат шабҳо дунболи сагат гардам,
З-он гуна, ки гардад саг дунболи худовандон.

Ҷомӣ зи бутон танҳо мегиряду месӯзад,
Ҳамчун падари мушфиқ аз фурқати фарзандон.