Соқӣ, бидеҳ он шароби гулранг

344

Соқӣ, бидеҳ он шароби гулранг,
Мутриб, бизан он навой бар чанг,

К-аз зуҳд надидаам футӯҳе1,
То кай занам обгина бар санг?

Хун шуд дили ман, надида коме,
Илло ки бирафт ном бо нанг.

Ишқ омаду ақл ҳамчу боде
Рафт аз бари ман ҳазор фарсанг.

Эй зоҳиди хирқапӯш, то кай
Бо ошиқи хаста дил кунӣ танг?

Гирди ду ҷаҳон бигашта ошиқ,
Зоҳид бинигар, нишаста дилтанг.

Ман хирқа фикандаам зи ишқат,
Бошад, ки ба васли ту занам чанг.

Саъдӣ, ҳама рӯз ишқ мебоз,
То дар ду ҷаҳон шавӣ ба як ранг.


1 Кушоиш.