Танат з-ин ҷаҳон асту дил з-он ҷаҳон

755

Танат з-ин ҷаҳон асту дил з-он ҷаҳон,
Ҳаво ёри ину Худо ёри он!

Дили ту ғарибу ғами ӯ ғариб,
Наянд аз замину на аз осмон!

Агар ёри ҷониву ёри хирад,
Расидӣ ба ёру бибурдӣ ту ҷон!

Вагар ёри ҷисмиву ёри ҳаво,
Ту бо ин ду мондӣ дар ин хокдон!

Магар ногаҳон он иноят расад,
Ки ай ман ғуломи чунон ногаҳон?!

Ки як ҷазби Ҳақ биҳ зи сад кӯшиш аст,
Нишонҳо чӣ бошанд бар бенишон?

Нишон чун кафу бенишон баҳр дон,
Нишон чун баён, бенишон чун аён!

Зи хуршед як ҷӯ чу зоҳир шавад,
Бирӯбад зи гардун раҳи Каҳкашон!

Хамуш кун, хамуш кун, ки дар хомушист
Ҳазорон забону ҳазорон баён!