Ба пеш ор сағроқи гулгуни ман

756

Ба пеш ор сағроқи1 гулгуни ман,
Надонам, ки бода-ст ё хуни ман!

Наҷотест ҷонро зи ғарқоби ғам
Чу киштии Нӯҳе ба Ҷайҳуни ман!

Маро хуш бишӯяд зи обу зи гил,
Расонад ба аслу ба урҷуни2 ман!

Дар аҷзои ман хуш даромехта
Ба хешӣ чу Мӯсову Ҳоруни ман!

Зиҳӣ оби ҳайвон, зиҳӣ оташе,
Ки ҷамъанд ҳар ду ба конуни ман!

Чу нойам бибӯсад, чу даффам занад,
Чи хуш чанг дар зад ба қонуни ман!

Бирав, боқӣ аз соқии ман биҷӯй,
К-аз ӯ ёфт ширинӣ афсуни ман!


1 Кӯзаи шароб.
2 Дарахти солхӯрда; киноя аз аслу решаву насаб.