Як қӯсира пур дорам зи сахун

757

Як қӯсира пур дорам зи сахун,
Ҷон мешунавад, ту гӯш макун!

Дар банди худӣ, з-ин сер шудӣ,
Гирӣ сари худ, ай бесару бун!

Чун мустамиъон ҷумла бираванд,
Гӯям ғами ёр бо ёри куҳун.

Кай сер шавад моҳӣ зи тарӣ,
Ё ташнаи Ҳақ аз илми лудун?!

Гар сер шуданд ин мустамиъон.
Ҷон мешунавад аз қурти узун!