Гар танг будӣ ин синаи ман

758

Гар танг будӣ ин синаи ман,
Равшан нашудӣ ойинаи ман!

Ай хор гуле аз равзаи ман,
Дӯзах табише аз кинаи ман!

Хуршеди ҷаҳон дорад асаре
Аз карру фарри дӯшинаи ман!

Он кӯҳи аҳад пашмина шудаст
Аз рашки ману пашминаи ман!

Чун ҷавзи куҳан ишкаста шавӣ,
Гар нӯш кунӣ лавзинаи ман!

Аз баҳри дили ин шишадилон
Бошад барака дар чинаи ман!

Аз баҳри чунин ҷамъийяти ҷон
Ҳар рӯз бувад одинаи ман!

То тоза шавад пажмурдаи ман,
То мард шавад ъанинаи1 ман!


1 Сусткамар, импотент.