Сер гаштам зи нозҳои хасон

759

Сер гаштам зи нозҳои хасон,
Камзанам1 ман чу равғани баласон2!

Баъд аз ин шаҳдро ниҳон дорам,
То наяфтанд андар ӯ магасон!

Хешро баъд аз ин чунон дуздам,
Ки набинанд мар маро асасон!

Ҳар замон ҷониби дигар тозам,
Бе рақибону соҳибону касон!

Ай Худо, дар ту чун гурехтаам,
Инчунин қавмро ба ман марасон!


1 Камбахт, нобарор.
2 Дарахте, ки аз баргаш равған (эфир) мекашанду онро Хоконӣ “равғани дерёб” (нодир, дефисит) номидааст.