Чист бо ишқ ошно будан

760

Чист бо ишқ ошно будан,
Ба ҷуз аз коми дил ҷудо будан?!

Хун шудан, хуни худ фурӯ хӯрдан,
Бо сагон бар дари вафо будан!

Ӯ фидойист, ҳеч фарқе нест
Пеши ӯ маргу нақл ё будан!

Рав, мусулмон, сап-саломат бош,
Ҷаҳд мекун ба порсо будан!

К-ин шаҳидон зи марг нашкебанд,
Ошиқонанд бар фано будан!

Аз балову қазо гурезӣ ту,
Тарси эшон зи бебало будан!

Шаша мегиру рӯзи ошӯро
Ту натонӣ ба Карбало будан?!