То каям интизор фармоӣ?

496

То каям интизор фармоӣ?
Вақт н-омад, ки рӯй бинмоӣ?

Агарам зинда боз хоҳӣ дид,
Ранҷа шав, пештар чаро н-оӣ?

Умр кӯтаҳтар аст аз он, ки ту низ
Дар дарозии ваъда афзоӣ.

Аз ту кай бар хурам, ки дар ваъда
Сипарӣ гашт аҳди барноӣ.

Нарасидем дар туву нарасад
Ҳеч бечораро шикебоӣ.

Ба сари роҳат оварам ҳар шаб
Дидаи дар видоъ биное.

Рӯзи ман шаб шавад, шабам чун рӯз,
Чун бибандӣ ниқобу бикшоӣ.

Бар рухи Саъдӣ аз хаёли ту дӯш
Заргарӣ буду симполоӣ.