Ту чи донӣ, ки мо чи мурғонем?!

645

Ту чи донӣ, ки мо чи мурғонем?!
Ҳар нафас зери лаб чи мехонем?!

Чун ба даст оварад касе моро?!
Мо гаҳе ганҷ, гоҳ вайронем?!

Чарх аз баҳри мост дар гардиш,
З-он сабаб ҳамчу чарх гардонем!

Кай бимонем андар ин хона,
Чун дар ин хона ҷумла миҳмонем?!

Гар ба сурат гадойи ин кӯйем,
Ба сифат, бин, ки мо чу султонем!

Чунки фардо шаҳем дар ҳама Миср,
Чи ғам, имрӯз агар ба зиндонем?!

То дар ин суратем, аз кас мо
Ҳам наранҷему ҳам наранҷонем!

Шамси Табрез чунки шуд миҳмон,
Сад ҳазорон ҳазор чандонем!