Хез, то фитнае барангезем

644

Хез, то фитнае барангезем,
Як замон аз замона бигрезем!

Бар бисоти нишот биншинем,
Ҳама аз пеши хеш бархезем!

Ҷуз ҳарифи зариф нагзинем,
Бо касони хасон наёмезем!

Ғами беҳуда дар ҷаҳон нахурем,
Майи осуда дар қадаҳ резем!

Мо гирифтори шодиву тарабем,
На гирифтори зуҳду парҳезем!

Гар ситеза кунад фалак бо мо,
Бар муродаш равему настезем!

Чун надорем ҳеч дастовез,
Чанд бо ҳар касе даровезем?!

Айши боқист Шамси Табрезӣ,
Масти ҷовиди шоҳи Табрезем!