Фарзанди нодон

Ой дареғо, ки хирадмандро
Бошад фарзанду хирадманд не.
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не!

ВАЗН: Сареъи мусаддаси матвии маҳзуф (муфтаилун муфтаилун фоилун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: хирадманд, фарзанд.

РАДИФ: не.

Маънии қитъа: Сад афсӯс бар марди донишманде, ки фарзанд дошта бошаду он фарзанд нодон бошад. Фарзанди марди хирадманд аз падар на танҳо молу сарват мерос гирад, балки аз адабу дониш ӯ низ баҳравар бошад.