Хуфта хабар надорад сар бар канори ҷонон

455

Хуфта хабар надорад сар бар канори ҷонон,
К-ин шаб дароз бошад бар чашми посбонон.

Бар ақли ман бихандӣ, гар дар ғамаш бигирям,
К-ин корҳои мушкил афтад ба кордонон.

Дилдодаро маломат гуфтан чӣ суд дорад?
Мебояд ин насиҳат кардан ба дилситонон.

Доман зи пой баргир, эй хубрӯи хушрӯ,
То доманат нагирад дасти худойхонон.

Ман тарки меҳри инон дар худ намешиносам,
Бигзор, то биёяд бар ман ҷафои онон.

Равшанравони ошиқ аз тирашаб нанолад,
Донад, ки рӯз гардад рӯзе шаби шубонон.

Бовар макун, ки ман даст аз доманат бидорам,
Шамшер нагсилонад пайванди меҳрбонон.

Чашм аз ту барнагирам, в-ар мекушад рақибам,
Муштоқи гул бисозад бо хӯи боғбонон.

Ман ихтиёри худро таслими ишқ кардам,
Ҳамчун зимоми уштур бар дасти сорбонон.

Шаккарфурӯши мисрӣ ҳоли магас чӣ донад?
Ин дасти шавқ бар сар, в-он остинфишонон.

Шояд ки остинат бар сар зананд, Саъдӣ,
То чун магас нагардӣ гирди шакардаҳонон.