Чаманӣ, ки ҷумла гулҳо ба паноҳи ӯ гурезад

278

Чаманӣ, ки ҷумла гулҳо ба паноҳи ӯ гурезад,
Ки дар ӯ хазон набошад, ки дар ӯ гуле нарезад!

Шаҷарӣ хушу хиромон ба миёнаи биёбон,
Ки касе ба сояи ӯ чу бихуфт, маст хезад!

Фалакӣ чу осмонҳо, ки бад-ӯст қасди ҷонҳо,
Ки Зуҳал наёрад он ҷо, ки ба Зуҳра барситезад!

Гуҳаре латифконӣ ба макони ломаконӣ,
Ба вай аст ишорати дил, чу ду дида ашк безад!