Чи таваққуф аст з-ин пас, ҳама корвон равон шуд

279

Чи таваққуф аст з-ин пас, ҳама корвон равон шуд,
Нигарад шутур ба уштур, ки биё, ки сорбон шуд!

Зи чапу зи рост, бингар, ба қаторҳои бемар,
Пайи рӯз ҳамчу соя ба тариқи осмон шуд!

На зи ломакон расидӣ, ҳама чиз аз он кашидӣ,
Дили ту чаро надонад ба хушӣ ба ломакон шуд?!

Ҳама рӯз лаъб кардӣ, ғами хона худ нах(в)ардӣ,
Суви хона бояд акнун дижаму кашон-кашон шуд!

Ту биханд, ханда авло, ки равон шавӣ ба мавло,
Карамаш раво надорад, ба карим бадгумон шуд!