Саҳаре чу шоҳи хубон ба висоқи мо даромад

280

Саҳаре чу шоҳи хубон ба висоқи мо даромад,
Ба мисоли соқиён ӯ ба сабӯву соғар омад!

На сабӯйи ӯ бидидам, на зи соғараш чашидам,
Ки ҳазор мавҷи бода ба димоғи ман баромад!

Бикушод ин димоғам пару боли бениҳоят,
Ки ба офтоб монад, ки ба моҳу ахтар омад!

Ба муборакиву шодӣ чу ҷамоли ӯ бидидам,
Зи ҷамоли ӯ ду дида зи ду кавн бартар омад!