Ай Худое, ки чу ҳоҷот ба ту баргиранд

281

Ай Худое, ки чу ҳоҷот ба ту баргиранд,
Ҳар муроде, ки бувадшон, ҳама дар бар гиранд!

Ҷону дилро чу ба пайки дари ту биспоранд,
Ҷони боқии хуши шоди муъаттар гиранд!

Бандагонанд туро, к-аз ту туйишон мақсуд,
Пой дар роҳи ту бинҳанду ками сар гиранд!

Тарки ин шурб бигӯянд дар ин рӯзе чанд,
Ивази шурби фано шарбати Кавсар гиранд!

Чун ситора шаби торик пайи маҳ гарданд,
Чун маҳи чорда рухсори мунаввар гиранд!

Гар бимонанд ятим аз падару модари хок,
Падару модари рӯҳонии дигар гиранд!

Чун бибинанд, ки тан луқмаи кӯр аст, яқин,
Ҷону дил зафт кунанду тани лоғар гиранд!

Бас кун, ин килк зи гуфтор раҳо кун пас аз ин,
То суханҳо ҳама аз ҷони мутаҳҳар гиранд!