Аз дилам сурати он хуби Хутан менаравад

282

Аз дилам сурати он хуби Хутан менаравад,
Чошнии шакари ӯ зи даҳан менаравад!

Биллаҳ, ар шӯр кунам ҳар нафасе, айб магир,
Гар бирафт аз дили ту, аз дили ман менаравад!

Ҳама мурғон зи чаман ҳар тарафе мепарранд,
Булбули бедил як дам зи чаман менаравад!

Ҷони парвонаи мискин, ки муқими лаган аст,
Тани ӯ то бинасӯзад, зи лаган менаравад!

Булҳасан гуфт Ҳасанро, ки аз ин хона бирав,
Булҳасан низ дарафтоду Ҳасан менаравад!

Расани дӯст чу дар ҳалқу дилам афтодаст,
Лоҷарам чанбари дил ҷуз ба расан менаравад!

Мурғи ҷон аз қафаси қолаби ман сер шудаст
В-аз умеди назари дӯст зи тан менаравад!