Ҳала, пайваста сарат сабзу лабат хандон бод!

283

Ҳала, пайваста сарат сабзу лабат хандон бод!
Ҳала, пайваста дили ишқ зи ту хандон бод!

Ғампарасте, ки туро бинаду шодӣ накунад,
Ҳама сарзеру сияҳкосаву саргардон бод!

Чунки сарзер шавад, тавба кунад, бозояд,
Неку бад нек шавад, давлати ту султон бод!

Нури Аҳмад наҳилад габру ҷуҳуде ба ҷаҳон,
Сояи давлати ӯ бар ҳамагон тобон бод!

Гумраҳонро зи биёбон ҳама дар роҳ орад,
Мустафо бар раҳи Ҳақ то ба абад раҳбон бод!

Он хаёли хуши ӯ машъалаи дилҳо бод
В-он намакдони хушаш бар забари ин хон бод!

Камтарин соғари базми хуши ӯ шуд Кавсар,
Дили чун шишаи мо ҳамқадаҳи эшон бод!

Шамси Табрез, туйӣ воқифи асрори расул,
Номи ширини ту ҳар гумшударо дармон бод!